САДСОЛАИ БЕХАВФИИ КӮЛИ САРЕЗ

Март 10, 2011 08:22

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти  маркази иттилоотию таҳлилии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ ба пайдоиши кӯли Сарез 100 сол пур шуд.    Ёдовар мешавем, ки шаби 18 ба 19 уми феврали соли 1911 дар Помир заминларзаи сахт  ба амал омад, ки шиддатнокии он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 9 – 10 бал баробар буд. Дар натиҷаи заминларза қишлоқи Усой бо тамоми аҳолиаш зери хок монд. Кӯҳпораи лағжида дар як сония бо суръати 25 метр ҳаракат карда, дар сари роҳи худ маҷрои дарёи Мурғобро   ба камару соҳили  тарафи дигари дарё фурӯ рехт. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон ҳаҷми хоку санги лағжида ба 2,2 млрд. метри мукааб баробар будааст. Дар натиҷа  дар як муддати хеле кӯтоҳ дар ин ҷо сарбанд пайдо гашт, ки баландиаш аз 550 то 730 метр ва дарозиаш 5 км- ро ташкил додааст.    Дар давоми 100 сол ҳаҷми оби кӯли Сарез 17 км кубӣ, чуқурии он 500 метр ва сатҳи болои он ба  86, 5 км. кубӣ   расид.    Сарфи назар  аз далелҳои бешумор дар бораи кӯли Сарез ва устувории сарбанди Усой бадастомада баҳсҳо пиромуни ин кӯл зиёданд. Як зумра тадқиқотчиён  бар он ақидаанд, ки сарбанди Усой қувваи бардошти зиёд дорад ва он дар натиҷаи баландшавии фишори сатҳи оби кӯл вобаста ба  шуста бурдани сарбанди он хавфро ба вуҷуд оварда наметавонад.             Дар даҳсолаи охир як қатор лоиҳаҳо баҳри омӯзиши кӯли Сарез мавриди истифода қарор гирифт. Ин лоиҳаҳо аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ, Ҳукумати Швейтсария, ПРООН ва ташкилоти ғайридавлатии Фокус маблағгузорӣ гардидаанд. Оби кӯл аз ҷиҳати экологӣ тозатарин оби ошомиданӣ дар ҷаҳон аст, ки 25 млн. аҳолиро ба таври доимӣ бо об таъмин карда метавонад.

Март 10, 2011 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд