ШАРҲИ А. ЁРОВ ОИД БА ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ
Шарҳи раис Ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ба МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ САҲҲОМИИ ХОЛДИНГИИ КУШОДАИ «БАРҚИ ТОҶИК» ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ТАМИНОТ БО БАРҚ Ҳамватанони азиз! Воқеан ҳам боиси таассуф аст, ки вобаста ба носозгориҳои табиат дар арафаи Иди муқаддаси аҷдодӣ имконияти пурра бо барқ таъмин намудани кишварро наёфтем ва барои ин роҳбарияти Ширкати «Барқи Тоҷик» аз тамоми мардуми шарифи кишвар ва муштарёни нерўи барқ маъзарат мепурсад. Гап дар сари он ки ибтидо аз аввали март дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво яку якбора ва ғайричашмдошт паст фуромад. Ин ба таъминоти барқ халали ҷиддӣ расонд. Маълум, ки хунукӣ ҳам талаботро бо барқ ба маротиб афзун намуд ва ҳам боиси кам шудани об дар маҷрои дарёи Вахш гардид. Пешгўӣ мешуд, ки дар охири моҳи феврал ва ибтидои март ҳаҷми оби маҷрои дарёи Вахш 190-220 метри кубӣ дар як сонияро ташкил медод, аммо дар он давра маҷрои дарё 70-80 метри кубӣ дар як сонияро ташкил дод. Обанбори Норак манбаи асосии захираи энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад ва сатҳи он то имрўз 858 метру 37 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин аз сатҳи минималии техникӣ ҳамагӣ 1 метру 37 сантиметр зиёд аст ва аз ин миқдор ҳаррўз 35-40 сантиметр сарф мегардад. Ягона умед алҳол ба табиат аст, ки аз файзу карамаш ҳаво гарм ва об дар маҷрои дарё зиёд гардад. Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мўҳтарами кишвар ва афзалияти сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011, ки эҳтиёҷ бо барқ бештар буд, пайтахти кишвар, марказҳои вилоятҳо, як қатор шаҳрҳои саноатӣ ва марказҳои маъмурии ноҳияҳо пурра бо барқ таъмин буданд ва мардуми деҳот дар давраи аввал 10 соат ва ибтидо аз моҳи декабр 12 соатӣ барқ гирифтанд. Аз 20 феврали соли 2011 бошад, маҳдудияти рўзонаи барқ пурра барҳам дода шуда буд. Мутахассисони Ширкат ва кормандони Хадамоти марказии танзим, ки реҷаи интиқоли барқро муайян менамоянд, машғули коранд ва баробари зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш таъминоти муқаррарии нерўи барқро ба муштариён барқарор намоянд. Ҳарчанд аз табиат ҳама чизро интизор шудан мумкин аст, ҳамин аниқ аст, ки дигар роҳи бозгашт ба зимистон нест ва дар рўзҳои наздик истеҳсоли барқ зиёд ва таъмини аҳолӣ бо барқ ба эътидол хоҳад даромад.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






