ТАМРИНИ ПАЙВАСТА ДАР «АВИТСЕННА»
Ҳисор, 10 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Сафи хоҳишмандони тамрини бадан дар маҷмааи варзишии «Авитсенна» рӯз то рӯз меафзояд,-иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор. Ёдовар мешавем, ки маҷмааи мазкур бо ҳиммати ватандӯстона ва саъю кӯшиши соҳибкор Абдураззоқ Саидов бунёд гардида мавриди истифодаи дӯстдорони варзиш қарор гирифт. Қасри варзишӣ дорои 1 ҳазору 250 ҷойи нишаст буда, дар он баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ низ доир мегарданд. Ду толори дигари ин маҷмаа бо таҷҳизоту воситаҳои ҳозиразамони варзишӣ муҷаҳҳаз буда, дар толори мардона ҳар рӯз 200 нафар ва дар толори занона то 100 нафар метавонанд ба варзиш машғул шаванд. Боиси тазаккур аст, ки соли сипаригардида варзишгарони ноҳияи Ҳисор соҳиби 66 медал, аз ҷумла 15 медали тилло гардиданд. Футболбозони дастаи «Шодмон»-и Ҳисор дар мавсими соли равон ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






