ТАЪСИСИ ТАШХИСГОҲИ МАХСУСИ ПОКИСТОН ДАР ҶТ

Март 3, 2011 11:15

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дирӯз  дар Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов  бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Халид Усмон Қайсар  доир  гардид.  Мақсади  вохӯрии  мазкур  рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ буда, дар мӯҳлатҳои наздик таҳия ва имзои Созишномаи дуҷониба байни Вазорати кишоварзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати хӯрокворӣ ва хоҷагии кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар назар аст.  Вазири кишоварзӣ  ҳамкориҳои дуҷонибаро   дар рушди соҳаи чорводорӣ, махсусан ҳамкорӣ бо  корхонаи муштараки Стар лабораториес ЛТД (Star Laboratories LTD) – и Покистон, ки бо хадамоти байтории вазорат  ҳамкории дуҷониба дорад, мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, ҷонибҳо пиромуни дар ояндаи наздик дар ҷумҳурӣ   таъсис додани бахши ташхисгоҳи махсус ва таъмини он бо  маводи табобатӣ аз тарафи Ҷумҳурии Покистон мубодилаи афкор намуданд.  Инчунин, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ гардонидани лоиҳаҳо оид ба рушди соҳаи  чорводорӣ, растанипарварӣ, ташкили корхонаҳои  муштарак оид ба  истеҳсоли маводи табобатӣ ва бозомӯзии кадрҳо   мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Март 3, 2011 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ