ВАРЗИШ БА ХОТИРИ КАМОЛЁБИИ ҶАВОНОН
Хоруғ, 10 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Рӯзҳои 1 ва 2 — юми март бахшида ба 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии мактаби рақами 10 – и ноҳияи Шуғнон мусобиқа аз рӯи намуди гӯштини миллӣ доир гардид. Тибқи иттилои сармураббии даста Азиз Мирҳасанов дар мусобиқа 100 нафар варзишгарони ноҳия ширкат варзиданд. — Мақсад аз баргузории чунин мусобиқа баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва ба ин васила дур сохтани наврасону ҷавонон аз корҳои ношоям мебошад, гуфт Азиз Мирҳасанов. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шуғнон бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






