ҚАБУЛИ ҚОНУНҲОИ НАВИ ЭКОЛОГӢ

Апрель 19, 2011 16:29

    Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Талбак Салимов зимни баргузории нишасти матбуотӣ  ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ дар сатҳи миллӣ  чанд қонун, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ», ҚҶ Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологӣ», ҚҶ Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» қабул гардид. Барои аз сари нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва он аз натиҷаи кори худ давра ба давра ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  таклифҳо пешниҳод мекунад. Ҳамзамон, лоиҳаи нави Кодекси ҷангал дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар шакли нав таҳия шуда,  ба баррасӣ  пешниҳод гардид.    Раиси Кумитаи мазкур ба  саволҳои хабарнигорон оид ба пешгирии ҳодисаҳои табиӣ, вазъи экологии  атрофи  корхонаҳои саноатӣ,  ҷамъоварӣ ва безараргардонии лампаҳои люминестӣ ва коркарди онҳо ҷавобҳои  қаноатбахш дод.    Раиси кумита  ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ аз сабаби камбориш омадани моҳҳои январ – март дар ҳавзаи дарёҳои Оби Хингов, Ёхсу ва Қизилсу   барф аз меъёр 30 фоиз камтар захира шудааст. Аҳолие, ки дар соҳили ин дарёҳо зиндагӣ намуда,  ба корҳои хоҷагидорӣ машғул мебошанд, обро бояд самаранок истифода намоянд.

Апрель 19, 2011 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад