ҲИММАТБАЛАНДИИ ШАҲРДОРӢ

Апрель 7, 2011 17:38

Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз бо  228 нафар собиқ сокинони кӯчаи Таҳмос, ки манзилҳояшон барои эҳтиёҷоти давлатӣ -сохтмони «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе гирифта шуд, вохӯрӣ намуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар сипосмандии роҳбарияти шаҳрро  ба собиқ сокинони кӯчаи Таҳмос иброз намуда, ба онҳо ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявии якдафъина  расонид.  Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов,  тадбири мазкур дар доираи татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 25 марти соли 2011 сурат гирифта, дар маҷмӯъ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе қариб 700 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Раиси шаҳр аз собиқ сокинони кӯчаи Таҳмос ҳамзамон даъват ба амал овард, ки дар нигоҳубин ва истифодаи квартираҳои хусусӣ бо таъсиси ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва риояи одоби баланди шаҳрдорӣ тавассути иштирок дар маъракаҳои ободонии маҳал ва шаҳр нақши муассир гузоранд.  

Апрель 7, 2011 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид