ҶАРИМАИ УБУРИ РОҲ-17 СОМОНӢ

Апрель 12, 2011 17:21

  Душанбе,   12 апрел. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин ). — Садамаҳои  зиёди нақлиётӣ  гувоҳи онанд, ки   шаҳрвандон  қоидаҳои  ҳаракати  роҳро  риоя  намекунанд.  Тавре   нозири гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи БДА, майори  милиса  Мирзохон  Саидов зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз  намуд,  аз  5 – ум  то  15  апрели  соли  ҷорӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ корҳои  профилактикӣ  гузаронида  мешаванд, ки мақсад аз гузаронидани он риояи дурусти     қоидаҳои роҳ аз ҷониби   пиёдагардон  мебошад.   Мирзохон  Саидов  зимни  сӯҳбат  зикр  намуд, ки   шаҳрвандоне, ки қоидаҳои  ҳаракати роҳро  риоя  намекунанд,  аз  ҷониби  мақомоти  БДА   ҷарима   мешаванд. Ҷаримаи  тартиб додашуда  17  сомониву  50  дирам  мебошад.           Аз ин рӯ  аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ  хоҳиш  мешавад,  ки қоидаҳои  ҳаракат дар  роҳро вайрон  накунанд.

Апрель 12, 2011 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид