БАРТАРАФСОЗИИ ХАВФИ РАВАНДҲОИ ЭКЗОГЕНӢ-ГЕОЛОГӢ

Апрель 12, 2011 17:14

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева). – Аз ҷрниби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар қисми шимолии Тоҷикистон дар  объектҳои хоҷагии халқи ноҳияҳои Ғончӣ ва Панҷакент мушоҳидаҳои санҷишӣ гузаронида шуданд ва зимни гузаронидани он 14 объект санҷида шуд.   Дар 8 объекте, ки дар шаҳри Панҷакент аз офати табиӣ ва омадани сел зарар дида буд, мушоҳидаи реҷавӣ гузаронида шуд. Дар ин бора имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иттилоъ дод.                Дар қисми ҷанубии Тоҷикистон мутобиқи нақша корҳои мушоҳидавии муҳандисию геологӣ дар мавзеъҳои ноҳияҳои Хуросон (13 деҳа), Файзобод (1 деҳа), Ваҳдат (1 деҳа), Панҷ (4 деҳа) ва шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти муҳандисию геологии мавзеъҳо аз ҷойҳои хавфноки таъсири равандҳои экзогенӣ-геологӣ дошта кӯчонидани 22 хоҷагӣ пешниҳод гардид.     

Апрель 12, 2011 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд