ФАСОД РАВАНДИ РУШДИ ИҚТИСОДИРО ПАСТ МЕНАМОЯД

Апрель 13, 2011 17:47

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Таъсири номатлуби коррупсия ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҷомеа таъсир мерасонад.  Бо мақсади пешгирӣ аз ҷиноятҳои коррупсионӣ кормандони Раёсати назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе дар доираи барномаи огоҳонидани кормандони муассисаву идораҳо дар шӯъбаи корҳои дохилии  ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт вохӯрӣ доир намуданд. Зикр гардид, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳокимият   барои мубориза бурдан бо коррупсия тадбирҳои зарурӣ андешиданд.  Кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум бевосита фаъолият мекунанд, мардум ба онҳо боварии зиёд доранд.  Барои ин бояд ҳар як нафар кӯшиш намуда, бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ мубориза барад. Даст ба ҷиноят задану ришва ситонидан падидаи номатлуб мебошад, ки ба паст гаштани сатҳи зиндагии мардум ва иқтисодиёти кишвар оварда мерасонад.  Баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд гаштани  саводнокии кормандон ва паст гардидани ҷиноят дар самти ришваситонӣ мусоидат мекунад.

Апрель 13, 2011 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд