ПАРВОЗИ «ПАРАСТУ» — И БАҲОР
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 3 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои «Парасту-2011» ба поён расид. Ҷоизаи аввали ин ҷашнвора барои намоишномаи «Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадо ба театри Лоҳутӣ ва барои намоишномаи «Ишқи Парӣ»-и коргардон Баҳодур Миралибеков ба театри «Маяковский» дода шуд. Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе бо намоиши «Шабе дур аз ватан»-и коргардон Низом Меликов ва театри Камоли Хуҷандӣ бо «Бозгашти айём»-и Сайрам Исоева соҳиби ҷойи дуюм шуданд. Ҷойи сеюм ба намоишномаҳои «Дурахши ахтар»-и театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, «Шумқадам»-и театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода ва «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и коргардон А. Қодирови театри мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара дода шуд. Намоишномаи «Куштори 114-ум»-и Қурбони Собир, ки намоишномаи ғайриозмунӣ буд, ҷоизаи махсуси Вазорати фарҳанг ва ҳайати доваронро ба даст овард. Ҷоиза барои беҳтарин коргардонро Ҳошим Гадо ва беҳтарин нақши мардро Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарманди театри ҷавонон соҳиб шуданд. Озмуни театрҳои касбӣ — «Парасту -2011» бо намоишномаи «Рӯдакӣ» дар таҳияи Ҳошим Гадо рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ ифтитоҳ шуда буд. Дар ин ҷашнвора 15 театр аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон иштирок карданд. Ҳамакнун қарор аст дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи байнамилалии театрҳои касбӣ — «Наврӯз-2011» доир шавад, ки дар он бар иловаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин, театрҳои Эрон ва Афғонистон низ иштирок менамоянд. Театри Эрон дар ин ҷашнвора бо намоишномаи «Рӯдакӣ» ширкат менамояд. Ёдовар мешавем, ки фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» дар доираи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 март то 3 апрели соли 2011 дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






