РОБЕРТ БЛЕЙК: «АМРИКО ВА ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИРО БЕШТАР МЕКУНАНД»
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк андешаҳояшро мухтасар ба рӯзноманигорон иброз намуд. Ӯ гуфт: «Боиси хурсандист, ки ман бори дигар дар Душанбе қарор дораму бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр мулоқоти пурмӯҳтаво ва фарогир анҷом додам. Дар рафти мулоқот ман ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба он музокироту гуфтушунидҳое, ки мо дирӯз бо вазири корҳои хориҷӣ дар партави машваратҳои сиёсии ду ҷониб доштем, маълумот додам». Блейк гуфт, ки ман ба Президент барои саъю талошҳои Тоҷикистон дар кори истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон изҳори сипос намудам. Мо, инчунин, роҳу василаҳои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Амрикоро дар кори таҳкими амнияти сарҳадот ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор додем. Мо ба мӯҳтарам ҷаноби Президент дар бораи мулоқоти пурмӯҳтаво ва бисёр судманди худ, ки субҳи имрӯз бо намояндагони Палатаи иқтисодии Амрико дар Тоҷикистон доштам, маълумоти муфассал додам ва ақидаи намояндагони ширкатҳои амрикоиро дар Тоҷикистон ба Ҷаноби олӣ иброз намуда таъкид кардам, ки имрӯз дар кори коркарди захираҳои табиӣ ва дар соҳаи энерҷӣ имкониятҳои бештару фарохтари ҳамкорӣ вуҷуд доранд. Ҳамоно дар кишвар баъзе мушкилот дар кори сармоягузорӣ боқӣ мондаанд, аз ҷумла душворӣ ва ё низоми андозбандии кишвар. Мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, озодии сухан ва ВАО, озодии дин ва эътиқодро мавриди баррасии ҷонибҳо қарор додем, ки дар воқеъ ин мавзӯъҳо мавзӯъҳои калидию асосии ҳар як ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб мераванд. Мо мувофиқ ба он назар будем, ки Амрико ва Тоҷикистон бояд саъю талоши минбаъдаро дар роҳи боз ҳам зиёд кардани имконоти худ барои ҳамкорӣ бештар кунанд»,-таъкид намуд дар охир Роберт Блейк.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






