ТАБИБОНИ ТОҶИК ДАР КИШВАРҲОИ ДИГАР НИЗ ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид, хабар доданд масъулини Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон. Зикр гардид, ки барои вусъат додани ҷараёни тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар минтақаҳо ва дар сатҳи ғайри марказ ба роҳ мондани бозомӯзии мутахассисони тибби оилавӣ корҳо ба анҷом расидаанд, аз ҷумла дар марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ 42 табиб ва 51 ҳамшираи оилавӣ давраҳои бозомӯзии тибби оилавиро хатм намуданд. Дар соҳаи тандурустии кишвар айни ҳол зиёда аз 20 барномаҳои соҳавӣ ва стратегияҳо амалӣ мегарданд, ки яктои он Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015 мебошад. Вазорат дар ошкор кардани доруҳои мӯҳлати истифодаашон гузашта, пастсифат ва ғайриқонунӣ корҳои намоёнро ба анҷом расонид. Дар ин давра барои беҳ намудани шароити илмомӯзии донишҷӯён ва бо ҷои зист таъмин кардани онҳо корҳои намоён анҷом дода шуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки имрӯз мутахассисони тоҷик дар соҳаи тибби бисёр кишварҳои ҷаҳон фаъолияти густурда доранд.








Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад






