Ҷинояткорони беҷазо

Июль 15, 2011 13:52

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ибтидои соли 2011 ҳисобот оид ба масоҳати замин ва дараҷа (категория) –и он ҳангоми ба истифодадиҳӣ дар доираи ҳар як ноҳия ва шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ аз тарафи кумитаҳои давлатии заминсозӣ муайян шуда, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.Муайян шудааст, ки соли ҷорӣ дар марзи маъмурии ҷумҳурӣ 16 ҳазору 415 гектар замини корам, аз ҷумла 10 ҳазору 65 гектар замини корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ боз мондааст.Аз суханронии раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзоир Зокиров дар нишасти матбуотӣ, ки фаъолияти кори кумитаи мазкурро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъбаст намуд, маълум гардид, ки дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и ҷумҳурӣ замин ба таври самаранок истифода намешавад.Агар соли 2009 18 ҳазору 103 гектар замини корам истифода нагардида бошад, дар соли 2010 масоҳати замини истифоданашуда ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба 19 ҳазору 290 гектар расид. Раис масоҳати замини дар соли 2011 аз гардиши кишоварзӣ берун мондаро номбар накард, вале онро нисбат ба соли 2010 камтар донист.Барои хабарнигорони васоити ахбори омма он чиз норавшан монд, ки чаро барои истифода накардани 19 ҳазору 290 гектар замин касе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст, ҳол он ки ин хилофи «Барномаи давлатии паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2009 — 2012» буда, ба ҷуз бемасъулиятию хунукназарӣ чизи дигар нест.Дар анҷоми нишасти матбуотӣ баҳси доманадор перомуни истифода нашудани замин ва тақсими он барои сохтмони манзил сурат гирифт.

Июль 15, 2011 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд