Дастрасӣ ба шабакаи интернет меафзояд
Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 500 мактаби дорои таҳсили умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст буда, тибқи нақша то охири соли 2011 боз 500 муассисаи таълимӣ ба шабакаи Интернет пайваст мегардад.Тибқи иттилои Ноилшо Нуралиев, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ роҳбарияти Вазорат бо мақсади ба мактаббачаҳо омӯзонидани асосҳои технологияи информатсионӣ китоби дарсии «Асосҳои технологияи информатсионӣ»-ро барои синфҳои 7, 8, 9, 10, 11 бо теъдоди беш аз 300 000 нусха чоп намуда, ба толибилмон дастрас намуд.Ба қавли Ноилшо Нуралиев, татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» таҳти назорати қатъии роҳбарияти вазорати маорифи кишвар қарор дорад. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар бо зиёда аз 31 ҳазор компютер, панҷ ҳазор принтер ва 1300 генератори барқӣ таъмин гардиданд.Ҳамзамон, дар доираи амалисозии барномаи мазкур китобҳои таълимии «Асосҳои техникаи компютерӣ» ва «Технологияи информатсионӣ» ва 5 модули таълимӣ аз ин фан барои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо забони тоҷикӣ нашр гардида, ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуд.Дар давоми як соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 600 компютер тақсим гардида, дар онҳо ба шабакаи Интернет пайвастани 120 нуқта ба роҳ монда шуд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион аҳолӣ ба шабакаи байналмилалии Интернет дастрасӣ дошта, 10 провайдери азим фаъолият мекунад, ки аз он 1- тоаш давлатӣ ва боқимонда хусусӣ мебошанд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






