Дурнамои ҳамкориҳои ҶТ бо Швейтсария

Июль 14, 2011 13:34

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири фавқулодда ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Неллен мулоқот намуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи кишвар хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар бахшҳои молиявӣ, бонкӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолият мубодилаи афкор сурат гирифт. Масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, хоҷагии халқ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ аз масъалаҳои асосии сӯҳбат ба шумор рафт.Вазири молияи ҶТ С. Наҷмиддинов ба сафири фавқулодда ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Неллен барои дастгирӣ изҳори минатдорӣ намуда, зикр намуд, ки «кишвари мо тӯли фаъолият бо Конфедератсияи Швейтсария, алалхусус дар қисми гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва дар оянда низ баҳри таҳким ва густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳад дод».

Июль 14, 2011 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид