Хонандагони тоҷик 71 медал гирифтанд

Июль 11, 2011 13:02

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Дар нимсолаи аввали соли 2011 хонандагони болаёқати тоҷик дар олимпиадаҳои байналхалқӣ дар давлатҳои Амрико, Голландия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Руминия, Озарбойҷон, Гурҷистон ва дигар кишварҳо иштирок намуда, 71 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 16 медали нуқра ва 46 медали биринҷӣ ба даст оварданд,- зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО муовини аввали вазири маорифи ҶТ Фарҳод Раҳимов. Мавсуф афзуд, ки беш аз 21 ҳазору 500 нафар хонандагони синфҳои 5-10 дар даври аввали олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ иштирок намуда, зиёда аз 13 ҳазор нафари онҳо ба даври дуюм ва беш аз 6 ҳазор нафарашон ба даври финалӣ гузаштанд. Дар маҷмӯъ аз ин олимпиада хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 310 медал ба даст оварданд.Ҳамкориҳои вазорати маориф бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфта, байни вазорати маорифи ҶТ ва вазоратҳои маориф (ва илм)-и кишварҳои хориҷӣ 38 ва созмонҳои байналмилалӣ 53 созишномаю тафоҳумнома ҷиҳати ҳамкорӣ ба имзо расид,- афзуд Фарҳод Раҳимов.

Июль 11, 2011 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд