Хусусигардонии манзил идома дорад
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, то 1 –уми июли соли 2011 дар ҷумҳурӣ (аздавраи аввали хусусигардонӣ) 263,1 ҳазор манзили истиқоматӣ (квартира) хусусӣ гардонида шудааст. Аз он ҷумла 192,1 ҳазор манзил фурӯхта шуда, 41,1 ҳазор манзил ба аҳолӣ бо пардохти қисми пулаш ва 66,8 ҳазор хонаи истиқоматӣ ба аҳолӣ ба таври ройгон дода шудааст. Масоҳати умумии хонаҳои хусусигардонидашуда 14,4 млн. метрии мураббаъро ташкил медиҳад.
Хусусигардонии манзил дар ду минтақаи ҷумҳурӣ; ВМКБ ва Суғд то 1 –уми июли соли ҷорӣ чунин сурат гирифтааст: дар ВМКБ 2396 хона хусусӣ гардонида шуда, 775 хона ройгон, 50 хона қисман ройгон дода ва 1751 хона ба аҳолӣ фурӯхта шудааст.
Дар вилояти Суғд 39 ҳазору 449 хона хусусӣ гардонида шуда, 17 ҳазору 756 хона ба аҳолӣ ройгон, 759 хона қисман ройгондода шуда ва 209 ҳазору 934 хона фурӯхта шудааст.
Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 681 хонаи истиқоматӣ хусусӣ гардонида шудааст, ки 7 – тои он ба ВМКБ ва 211 –тояш ба вилояти Суғд тааллуқ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






