Июл — гармтарин моҳ
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Июл аз моҳҳои гармтарини фасли тобистон аст. Дар ин моҳ ҳарорати ҳаво дар кишвар то чанд дараҷа гарм мешавад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба сардори Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева муроҷиат кард. Мавсуф дар посух ба саволи хабарнигор гуфт, ки аз 8 то 11 июли соли равон ҳарорати ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 40 дараҷа гарм мегардад. Аз ҷумла, ҳарорати ҳаво рӯзона дар қисмати ҷанубии кишвар -вилояти Хатлон 42-43 дараҷа, дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ 40 дараҷа, дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 31 дараҷа ва дар пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе, 40-41 дараҷа гарм мешавад. Чунин ҳавои гарму тафсон меъёри моҳи июл ва фасли тобистон аст. Ба гуфти Ҷамила Байдуллоева дар моҳи июл воридшвии ҳавои ғуборолуд аз самти ҷанубу ғарби кишвар дар назар дошта шудааст. Мавсуф афзуд, ки дар охири моҳи июн ворид шудани ҳавои ғуборолуд ба Тоҷикистон, ки дар байни мардум ҳамчун «боди афғонӣ» маъмул аст, ҳарорати ҳаво каме салқин гардида буд. Вай гуфт ки чунин ҳавои ғуборолуд аз биёбонҳои Ироқу Эрон ва Туркманистон бархоста, тавассути Афғонистон ва Туркманистон ба фазои кишвармон паҳн гашта, муддати се рӯз идома ёфт.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






