Китобхонае, ки дар ИДМ назир надорад

Июль 21, 2011 09:19

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Беҳтарин дастовард ё тӯҳфаи арзишмандтарин барои миллати тоҷик ба истифода додани ду иншооти бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ: Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», — гуфт ба хабарнигорони ВАО Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ.Мавсуф афзуд, ки китобхона бо охирин дастовардҳои технологияи китобдорӣ таъмин мешавад ва пешбинӣ гардидааст, ки ошёнаи сеюми он барои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ҷудо карда шавад. Дар ҳолати пурра ба истифода додани китобхона он барои 10 миллион нусха китоб пешбинӣ гардидааст ва дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назир надорад.Ёдовар мешавем, ки бо мақсади мукаммалгардонии хазинаи Китобхонаи миллӣ бо адабиёт ва матбуоти даврии ватаниву хориҷӣ аз хазинаи захиравии Президенти мамлакат 543 ҳазору 586 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.. Тӯли солҳои 2010-2011 ба хазинаи Китобхонаи миллӣ аз шаҳрвандон, созмону ташкилот, донишкадаву сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими пойтахт 15 ҳазору 468 нусха адабиёти гуногунмазмун ворид гардидааст, қайд намуд М.Асрорӣ.Айни замон,- тазаккур дод М.Асрорӣ,- ба хазинаи Осорхонаи миллӣ 2 ҳазору 278 ёдгорӣ ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ тариқи харид, тӯҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Илова бар ин аз Осорхонаи вилояти Суғд 740 нигора, аз вилояти Хатлон 279 нигора, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 31 нигора, дар маҷмӯъ 1050 нигора интихоб ва аксбардорӣ шудаанд.

Июль 21, 2011 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид