Мужда барои муштариёни хатҳои мобилии Тоҷикистон

Июль 12, 2011 14:16

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар»). — Тайи ҳар моҳ дар харитаи пахши шабакаи Хатҳои мобилии Тоҷикистон (ХМТ) маҳаллаҳои наве пайдо мешаванд, ки бо мухобираи хушсифати садоӣ ва 3G фаро гирифта мешаванд. Роҳбарияти ҶПС «ТТ мобайл» барои васеъ намудани минтақаи пахши садо ва 3G мухобира дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона чора мебинад. Масалан, дар як худи моҳи июн дар кӯчаҳои Айнӣ, Насосная, Раҳмон Набиев, Шестопалов ва Карамови шаҳри Душанбе марказҳои нави шабака мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки сифати мухобира ва Интернет дар пойтахти кишвар хеле беҳтар гардад.Дар маҳаллаҳои Селбур ва Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав ва ҷамоати Якуми Майи шаҳри Турсунзода низ чунин марказҳо фаъолият доранд. Дар вилояти Суғд сокинони деҳоти Арали ноҳияи Айнӣ, Шафтолубоғи шаҳри Хуҷанд, деҳаҳои Нуҳум, Хуҷанд – Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хиёбони нави шаҳри Чкалов, деҳкадаҳои Меҳрон, Иван – тоҷик, Ревомути Мастчоҳи Кӯҳӣ аз хидматрасонии шабакаҳои нави (ХМТ) бархурдор шудаанд. Дар ноҳияҳои Фархору Шаҳритуси вилояти Хатлон чунин марказҳои нав ба кор даромаданд. Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ боз як маркази асосӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Тайи як моҳ даҳҳо маҳаллаю чандин ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз хидмати шабакаи нави (ХМТ) бархурдор шуданд, ки ин ҳанӯз оғози кор аст. Мо саъю кӯшиш дорем, ки сифати хизматрасониамонро ҳамеша баланд бардорем.

Июль 12, 2011 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд