Рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ бо Британияи Кабир
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 28 июли соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов бо Раиси гурӯҳи парлумони Британияи Кабир ҷаноби Лорд Вейверли cурат гирифт, ки мақсад аз он густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва омода намудани маълумот барои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Британияи Кабир дар рушди соҳаи кишоварзӣ мусбат арзёбӣ намуда гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 инҷониб бо намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, ки дар Сафорати Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳамкории зич дорад ва дар оянда низ ҳамкориҳои дуҷониба густариш хоҳанд ёфт.Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар ҳамшарикӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии кишварҳои мададгор ҳамкориҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ (лоиҳаи дастгирии рушди водии Зарафшон, лоиҳаи дастгирии корҳои мутобиқгардонии соҳаи кишоварзӣ), дастгирии татбиқи барномаҳое, ки ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд, равона намудааст. Айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 5 корхонаи пуриқтидор дар ҳамкорӣ бо Британияи Кабир фаъолият менамояд, ки «Хуҷанд-коттон ЛТД», «Зарафшон», «Дарвоз», «Хуҷанд-Гермес-Корпорейшен ЛТД» ва шабакаи «Савзен-Тоджик Мобайл» аз ҷумлаи онҳоянд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






