Тақдири 5 гектар заминро кӣ ҳал менамояд?

Июль 14, 2011 13:15

Ҳисор, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Таъкидҳои пайвастаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин дар манотиқи ҷумҳурӣ мавриди пуштибонӣ ва ҳамовозии гарм қарор гирифтааст. Чанд сол боз 5 гектар замине, ки дар гардишгоҳи роҳи Ҳисор барои сохтмони бозор пешбинӣ шуда буд, аз истифода берун мондааст. Дар он на сохтмони бозор шурӯъ мешавад ва на чизе кошта. Агар доир ба ин масъала ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор савол диҳанд, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки сохтмони бозор рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Аммо моҳҳо ва солҳо мегузаранду сохтмони бозор оғоз намеёбад. Тақдири 5 гектар замини ин мавзеъ чанд сол аст, ки чунин аст. То кай тарҳу лоиҳаи биноро омода мекунему захираю имкониятҳоро ба назар намегирем?

Июль 14, 2011 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд