Афви занону ноболиғон дар даҳаи мағфират

Август 19, 2011 16:53

Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 13-умин санади афв 19 август аз ҷониби парлумони Тоҷикистон қабул гардид. Қабули ин санад ба ҷашни муҳиму пурифтихори миллӣ-20 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳаи мағфирати моҳи мубораки Рамазон рост омад. Назар ба иттилои Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар парлумон тавзеҳ дод, тибқи қонуни афв беш аз 250 нафар занон ва 107 нафар ноболиғон аз маҳбасҳо озод карда мешаванд. Занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои вазнин, аз қабили одамкушӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм, хиёнат ба ватан, ҷосусӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир намудаанд, озод намегарданд. Инчунин, шахсоне, ки ба ҷазои якумрии маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум гардидаанд, мӯҳлати ҷазоашон кам карда намешавад. Қаблан дар ҷумҳурӣ қонуни афв дар соли 2009 қабул гардида буд, ки дар он сол Тоҷикистон 15-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва бузургдошти Соли Имоми Аъзам, поягузори мазҳаби ҳанафиро дар сатҳи баланд таҷлил намуд.

Август 19, 2011 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон