Баррасии масоили таълими томактабӣ ва мактабӣ

Август 18, 2011 10:38

Душанбе, 18 август (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 18 то 20 август дар шаҳри Туркистони Қазоқистон конфронси миллии роҳбарону мутахассисон аз рӯи масъалаи таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ баргузор мешавад.Конфронс дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи байналмилалии рушди тафаккури танқидии мактабиён бо усули қироату тадрис доир мегардад. Аз ҷониби Тоҷикистон дар конфронс президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова ва сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва мактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Партовов иштирок менамоянд.Дар ҷараёни ин конфронс масоили муҳими марбут ба самтҳои авлавиятдори педагогика, дурнамо ва пешниҳоди нав мавриди муҳокима қарор мегирад, ки ин ба рушду тараққии ҷомеаи кушода, демократикунонии маориф ва густариши минбаъдаи касбу ҳунари педагогҳо, бешубҳа, саҳми худро мегузорад.

Август 18, 2011 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид