Баррасии таҷрибаи ислоҳот дар Гурҷистон
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 20 август Маркази бозори озоди Тоҷикистон маҷлиси навбатии Клуби бозори озодро дар мавзӯи «Таҷрибаи ислоҳоти Гурҷистон» бахшида ба баррасии яке аз мисолҳои ҷолибтарини рӯи кор овардани дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ташкил менамояд.Тавре дар Маркази бозори озоди Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барҳам додани бисёр мақомоти назораткунанда ва лағв намудани аксарияти иҷозатномаҳо боиси бесарусомонӣ нашуда, балки муяссар гардид, ки қоғазпартоиро аз байн бурда, ришвахӯриро коҳиш дода ва сармояҳои бештари хориҷӣ ҷалб карда шаванд. Мувофиқи суханони манбаъ хоҳишмандони иштирок дар маҷлиси клуб бояд ба унвонии freemarket.tj@gmail.сom дархост дода ва иштироки худро то 18 августи соли равон ба таври хаттӣ тасдиқ намоянд.Синни иштирокдорон аз 18 то 36 сол маҳдуд карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






