Боздиди О. Оқилов аз «Сангтӯда»

Август 23, 2011 12:18

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов аз маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» боздид ба амал овард. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ   ба мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерӯгоҳ, инчунин шароити меҳнату истироҳати сохтмончиёни он ошно гардид.
 
Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон сохта шуда, дар бунёди он ширкатҳои «Фароб», «Умронӣ» ва «Сангоб» саҳм мегузоранд. НБО «Сангтӯда-2» аз силсиланерӯгоҳҳоест, ки дар дарёи Вахш бунёд гардида, дар як сол бо иқтидори 1 миллиард киловатт соат-нерӯи барқ истеҳсол менамояд.Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» иншооти муҳими стратегӣ маҳсуб ёфта дар назар аст, ки агрегати аввали он дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Август 23, 2011 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид