Маҷлиси ботантана ба ифтихори Рӯзи Истиқлолият
Душанбе, 29 август (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Бо ибтикори Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск ба ифтихори таҷлили 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор шуд.Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов аҳамияти таърихии истиқлолияти халқи тоҷик, мақоми иҷлоисияи ХУ1 Шӯрои Олӣ дар лаҳзаи тақдирсози барқароршавии мамлакат, хусусан хидмати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар амри муттаҳидсозии миллат ва барқароршавии сохти давлатӣ зикр намуда, аз дигаргунсозиҳои демократӣ, дастовардҳои имрӯза ва стратегияи рушди минбаъдаи мамлакат нақл кард.Сафир зимни суханрониаш таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба густариши равобити дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Беларус, дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои иҷтимоӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷалб намуд.Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко ҳозиронро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус муборакбод намуда, гуфт, ки Тоҷикистону Беларус аз рӯи бисёр масъалаҳои байналмилалӣ мавқеи ягона доранд. Сипас раиси Кумитаи иҷроия — Муншии иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ҳозиронро ба муносибати ин санаи фархунда муборакбод намуд.Чанде пеш ба ифтихори 20 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти миллии Беларус нисшасти матбуотии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов баргузор гардид. Сафир рушди робитаҳои дуҷониба дар бахши маорифро зикр карда, ба намояндагони ВАО Беларус иброз дошт, ки вақтҳои наздик дар шаҳри Душанбе намояндагии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Русия дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иттилоъ доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






