Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд.Дар машварат Сарвазири малакат Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.Дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, омодагӣ ба таҷлили солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафа ва рўзҳои Иди саиди Фитр ва ҷашни истиқлол баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагӣ ва таҷлили сазовори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дода шуд. Таъкид гардид, ки «ҳамаи иду ҷашнҳо дар Тоҷикистон, чун анаъана, ҳамқадам бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ мебошанд ва ин анъанаи накў бояд ба кори ҳамарўзаи мо табдил ёбад, то ки як кишвари ободу шукуфон ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта дошта бошем».Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳамаи шахсони сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинону мусофирон, оилаҳои камбизоат ва ҳамаи ниёзмандон даъват намуда, таъкид дошт, ки «онҳо низ мисли ҳама бояд имкони бо шодию нишот истиқбол гирифтани иди саиди Фитр ва ҷашни солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро дошта бошанд».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






