Муҳокимаи таъмини амният ва таҳкими марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 23 августи соли 2011 зимни вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Нуриддин Шамсов бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Австрия вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва дурнамои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати кишвар дар бахши таъмини амният ва таҳкими марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон муҳокима гардид.Дар ҷараёни мулоқот бо Ҳамоҳангсози робитаҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Австрия Тобиас Ҷеймс ҷониби Тоҷикистон раванди имрӯзаи ҳамкориро дар соҳаи мазкур бо Австрия мусбат арзёбӣ кард. Ҳамзамон, бо ишора ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятии ҷойдошта, ки аз қаламрави кишвари ҳамсоя сарчашма мегиранд, сафир хостгори тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни тарафҳо ва расонидани кӯмаки амалии моддию техникӣ аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои ҳифзи минбаъдаи амнияту суботи минтақавӣ шуд. Зимни музокирот Т. Ҷеймс ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии бахшида ба амнияти сарҳадӣ (Душанбе, соли 2008) ва Анҷумани 9-уми КАБСИ (Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳкими амнияти марзӣ дар Осиёи Марказӣ) баҳои баланд дод. Ҷониби Австрия таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама Австрия тасмим гирифтааст, ки зимни татбиқи марҳилаи 8-уми лоиҳаи БОМКА ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ расонидани кӯмаки амалиро барои Тоҷикистон вусъат диҳанд. «Бо мақсади татбиқи амалии тавсияҳо ва хулосаҳои Анҷумани КАБСИ, ки 15-16 марти соли равон дар Душанбе баргузор гардид, ҳукумати Австрия ва Иттиҳоди Аврупо барои сафарбар кардани кишварҳои мададрасон ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», — илова намуд Т. Ҷеймс.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






