Мулоқоти О. Оқилов бо Арбоб Оламгир Хон
Душанбе, 9 август.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Вазири коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Арбоб Оламгир Хон мулоқот кард. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард ва хатҳои интиқоли барқу газ, аз ҷумла роҳи автомобилгарди Тоҷикистон-Покистон тавассути марзи Афғонистон, лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани байни Туркманистон-Афғонистон-Покистон бо пайвастшавӣ бо роҳи оҳани Тоҷикистон, лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли гази Туркманистон-Афғонистон- Покистон ва Ҳиндустон, ки дар оянда Тоҷикистон низ ба он пайванд мегардад инчунин лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВт «Касса-1000» зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор дошта баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






