Парвариши картошкаи ба хунукӣ тобовар дар ВМКБ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир аввалин маротиба барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар ноҳияи Ишкошим ба андозаи 3 га ва дар ноҳияи Рӯшон 0,8 га қитъаи замин ҷудо кард. Дар заминҳои таҷрибавӣ тадқиқоти экологӣ доир ба омӯзиши зироатҳои ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва картошка гузаронида мешавад.Котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бори аввал олимони ин стансияи таҷрибавӣ дар 1 га қитъаи замини таҷрибавии «Рӯшон» — и ноҳияи Рӯшон ва дар қитъаи 0,5 га замини ноҳияи Ишкошим барои зиёд намудани тухмии картошкаи навъҳои «Алоддин», «Провенто», «Б -1» ва «Б -6» кишт карданд. Дар сурати ҳосили хуб додан, ин навъҳои картошка минбаъд дар ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ барои кишти васеъ тавсия дода мешаванд, зеро ин навъҳои нави картошкаи ба хунукӣ тобовар ҳосили фаровон медиҳанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






