С. Абдулқодирзода: «Рамазон борони раҳмат аст»

Август 19, 2011 16:44

Мусулмонони кишвар чун дигар мусулмонони ҷаҳон имрӯзҳо дар даҳаи дуюми моҳи мубораки Рамазон, ки даҳаи мағфирату омурзиш аст, қарор доранд. Моҳе, ки саропо ибодату покӣ ва мағфират буда, бандагон дар он аз раҳмати илоҳӣ баҳравар мегарданд. Ин моҳи муборак дорои кадом ҳикмату фалсафа аст? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода сӯҳбат анҷом дод, ки алъон фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромиқадр мегардонем:- «Рамазон моҳи хайру сахо, омурзиши гуноҳон ва раҳмати Парвардигор бар оламиён аст. Рамазон барои шахси ибодаткунанда аст, на барои Худованд», мегӯяд муфтии кишвар. Зеро Худованд ниёз ба ибодат ва кӯмаку парастиши банда надорад. Ҳар ниёзмандие, ки ҳаст, он аз ҷониби банда ба Худованд сурат мегирад. Инсонҳо ҳамеша аз даргоҳи илоҳӣ матлабу умед менамоянд ва ин мусаллам ва чизи табиист. Паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (С) мегӯяд, ки «Рамазон машаққат аст», инро чӣ гуна метавон шарҳ дод?То ҷое мусаллам аст, инсонҳо аз як соат то соати муайян аз хӯрдану ошомидан ва дигар корҳо дар ин моҳи муборак даст кашида рӯза медоранд. Яъне, инсон то андозае аз гуруснагиву ташнагӣ ранҷ мекашад. Ин машаққат аст. Воқеъан Муҳаммад саллалоҳу алайҳи вассалам, охирин паёмбари ислом Рамазонро машаққат гуфтааст. Машаққат на танҳо ба хотири ранҷ бурдану азоб кашидан, балки ба хотири ислоҳ шудани инсон ҳам дар зоҳир ва ҳам дар ботин аст. Дар ҳадиси қудсие Ҳазрати парвардигор Худованди азза ва ҷалла мегӯяд, ки :- «Ас -савму ли ва азза аҷзибӣ», яъне ин моҳ моҳи ман аст ва ман аҷзу подош медиҳам. Моҳи мубораки Рамазон моҳи махсуси Худованд аст ва Худованд ба бандагонаш муомилаю муошират ва додугирифти махсус мекунад. Воқеъан Рамазон ҳикматҳои зиёд дорад. Вақте, ки инсон рӯза медорад, дарду ранҷ мекашад ва ин ранҷ ба хотире ҳаст, ки ҳамон манманию кибру ғурурро аз худ дур созад. Аксар вақт дар ҷомеа бисёр фасодкорию адоватгариҳо ва душманию тафриқаандозиҳо аз рӯи манманию кибру ғурур ба вуҷуд меоянд. Ҳакиме мегӯяд, ки «Ал-анамия ту тувал литул ҳасад, вал ҳасаду ювал литул бағдо вал бағдо ювал литул фурқа вал фурқа ту ювал литул ихтилоъ вал ихтилоъ ту ювал литул баъфа ва баъфу ту ювал литул завала неъма ва завала давла ва ҳалакал ума», яъне манманию худбинию худхоҳӣ ҳасадро ба вуҷуд оварда, ҳасад душмангароиро ба вуҷуд меорад. Душмангароӣ тафриқа, тафриқа гурӯҳбозӣ, гурӯҳбозӣ заифию нотавониро ба вуҷуд меорад ва вақте ки инсон, оила, миллат ва давлат заифу нотавон мегардад, он заволи неъматро ба вуҷуд меорад. Вақте ки неъмат аз байн меравад, заволи давлат ва дар маҷмӯъ уммат ва миллат аз миён меравад. Дар ин маврид Паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (С) мегӯяд: «Агар дар қалби инсон заррае кибр бошад, ӯ дохили ҷаннат шуда наметавонад. Имрӯзҳо, ки моҳи Рамазон аст, инсонҳо бояд кибру ғурур ва дигар хислатҳои ношоистаро аз худ дур намуда, зоҳиру ботини худро пок созанд. Вақте ки инсон рӯза медорад ва гуруснагию ташнагиро ҳис карда, ранҷ мекашад, ба ёдаш ятиму бенаво мерасад, ки аз маводи зарурии зиндагӣ танқисӣ доранд. Яъне, фикри ятиму фақирро низ бояд кард ва ба онҳо кӯмаку ёрмандӣ расоид. Инсон бояд қабл аз Рамазон бо нияти нек қалбашро пок намояд, нияташро нек гардонад, муҳит ва хонаро пок созад ва бо тамоми беолоишию покиҳо моҳи мубораки Рамазонро истиқбол намояд. Дар ин моҳ агар касеро ранҷонида бошед, маъзарат мехоҳед. Агар аз касе ранҷида бошед, меомурзед. Ба касе адоват ва кинаву кудурат дошта бошед, ҳамаро бахшида, дили худро пок мегардонед. Зеро Рамазон ба мисли борони раҳмат аст. Вақте борон меборад, дар баъзе заминҳо шӯра медамад, дар қисми дигари заминҳо гулу зироат мерӯяд, табиат тоза мегардад. Инсон ҳамеша, хусусан дар Рамазон бояд тозаву пок бошад. Моҳи мубораки Рамазон сад дар сад аз дигар моҳҳо фарқ мекунад, ҳар рӯзу ҳар шаб, ҳар лаҳзааш нотакрор ва азиз аст.Рӯза доштан барои кадом гурӯҳи одамон ҷоиз аст? Рӯза доштан фарз аст ва дар маҷмӯъ бояд ҳама рӯза бигирад. Аммо табақаҳое вуҷуд доранд, ки рӯза доштан аз гардани онҳо соқит аст. Масалан, шахсоне ҳастанд, ки бо сабаби рӯза гирифтан бемориашон авҷ мегирад, баъзе бемороне ҳастанд, ки бо сабаби рӯза доштан беморияшон бартараф мегардад. Ин тоифа шахсон танҳо метавонанд бо тавсияи духтурон рӯза доранд. Ё худ агар дар моҳи Рамазон шахс ба сафар барояд, масалан, аз Душанбе ба масофаи 80-100 км роҳ биравад, рӯза гирифтан дар ихтиёри ӯст. Инчунин, занони ҳомиладор ва заноне, ки кӯдакони ширхор доранд, озоданд, ки рӯзаашонро ҳӯранд ва ҳар вақте ки фурсат ёфтанд, рӯзаи қазоӣ бидоранд. Ҳамзамон, барои шахсони куҳансол, ки бо сабаби беморӣ ё солхӯрдагӣ рӯза гирифта наметавонанд, фидя вуҷуд дорад, яъне ба ивази ҷуброни рӯзааш ба як камбизоат ду вақт хӯрок медиҳад. Шахсоне, ки меҳнати пурмашаққат ва сангин мекунанд, ба онҳо иҷозат ҳаст, ки рӯзаашонро бихӯранд ва дар рӯзҳои кӯтоҳи сол фурсат доранд, ки рӯзаи қазоӣ бигиранд. Сабаб чист, ки маҳз дар моҳи Рамазон ва остонаи иду ҷашнҳо нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар бозорҳои кишвар ба осмон дакка мехӯрад? Оё ин мусулмонист? Боиси таассуф аст, ки дар моҳи Рамазон ва арафаи иду ҷашнҳо аз ҷониби бархе аз соҳибкорон нархи маҳсулоти ғизоӣ баланд мегардад. Ин шаҳодати маърифат ва ҷаҳонбинии пасти тоҷиру соҳибкор ва ҳирси баланди сарватҷамъкунии ӯст. Бояд соҳибкороне, ки дар бозор нишастаанд ва рӯза медоранд, дар ин моҳи шариф инсофро пешаи худ намоянд. Агар рӯзаи онҳо дар назди Худованд қабул гардад, бояд дар ҳаёти худи соҳибкорон, дар имону виҷдони онҳо як таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд биояд. Ҳол он ки дар мо мегӯянд ҳаҷаш ё рӯзааш қабул шудааст. Ин садо аз осмон намеояд ва намегӯянд, ки ҳаҷаш ё рӯзааш қабул шудааст ё не. Зеро дар вуҷуд ва ҳаёти он шахс дигаргунии куллӣ, таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён меояд. Агар он шахс дурӯғ мегуфт, пас дигар дурӯғ намегӯяд, агар мардумфиребӣ мекард, аз ин хислати нангину зишт даст мекашад. Модоме ки шахс аз чунин одатҳои зишт парҳез мекунад, маълум аст, ки рӯзааш ё ҳаҷаш қабул шудааст.Зимни сафарҳои худ ба кишварҳои арабӣ лаҳзаҳоеро мушоҳида намудам, ки дар моҳи мубораки Рамазон тоҷирону савдогарон молу маҳсулоти худро хеле арзон ба фурӯш мегузоранд. Ман аз онҳо пурсон шудам, ки ягон зиён намебинанд. Онҳо гуфтанд, на баръакс, вақте ки мо дар ин моҳи шариф бо нияти нек ва муҳаббат ба Худованду раҳм ба бандагонаш моли худро арзонтар ба фурӯш мегузорем, Худованд ба мо баракат ато мекунад. То ҷое мусаллам аст, Рамазони бузург аз се даҳа иборат аст ва рисолати ин даҳаҳо дар чист?Моҳи Рамазон моҳи махсуси Худованд аст ва онро ба се қисм тақсим менамоянд: раҳмат, мағфират ва раҳоӣ аз оташи ҷаҳаннам. Раҳмат ин маънои онро дорад, ки инсон дар арафаи аввали моҳи Рамазон қалби худ, оила ва муҳити худро пок сохта ба пуррагӣ омода мешавад. Омода шудан ба моҳи мубораки Рамазон ин эҳтирому муҳаббат ба Худованд аст, арҷ гузоштан ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (С) ва дини мубини ислом аст. Вақте ки инсон ба Худованд эҳтиром мегузорад, Парвардигор бандаашро баракат медиҳад. Худованд дар ояи карима мефармояд, ки «пас шумо Худоро дӯст медоред, пайравӣ аз гуфтораш кунед ва тамоми хислатҳои некро дар худ ҷой диҳед. Худро омода бисозед, Худованд шуморо дӯст медорад ва меомурзад». Ман аз он ифтихор менамоям, ки ҳастанд дар кишвари мо соҳибкороне, ки дар моҳи мубораки Рамазон нархи маҳсулот ва молу ашёро то як андоза поён мефароранд. Аммо боз ҳастанд нафароне, ки молу маҳсулот ҷамъ меоранд ва маҳз дар моҳи Рамазон ва арафаи иду ҷашнҳо нархи маҳсулотро ба осмон мебардоранд. Чунин муносибат беэҳтиромӣ нисбат ба Худованд, моҳи мубораки Рамазон ва дини Ислом буда, дар ин маврид рӯзаи онҳо қабул намешавад. Бояд зикр кард, ки Худованд ҳамеша дар фикри тамоми мавҷудоти олам, бахусус инсонҳост. Ва ин хислати худовандист. Яъне, аз ин ҷо бармеояд, ки инсонҳо бояд натанҳо дар фикри худ бошанд, балки фикри атрофиёни худро низ намоянд. Зеро шахс он вақт дар ҷомеа бошарафу боиззату боикром мегардад, ки манфиаташ ба мардум бештар мерасад, фикри мардумро менамояд ва дар лаҳзаҳои душвору ҳассос бо раъият аст, яъне раъиятпарвар аст. Муҳаббати Худованд дар даҳаи раҳмат нисбат ба чунин шахсон меафзояд ва вуҷуди инсонҳоро раҳмати худовандӣ фаро мегирад. Дар даҳаи дуввум, ки махфират аст, Худованд инсонҳоро меомурзад. Зеро ҳеҷ инсоне нест, ки аз олудагиҳо орӣ бошад. Бегуноҳон танҳо паёмбарон буданд, ки гузаштанд. Бояд инсонҳо дар ин моҳ талаби раҳмату мағфират кунанд. Вақте ки инсон пок мешавад луқмаи ҷаннат гашта, аз оташи ҷаҳаннам наҷот меёбад. Дар маҷмӯъ, моҳи мубораки Рамазон фалсафаи бузург дорад, танҳо вобаста ба инсонҳо аст, ки худро дар ин моҳ чӣ гуна омода ва қабул месозанд ва моҳи мубораки Рамазонро чӣ гуна истиқбол мегиранд. Мутаассифона, дар ҷомеа инсонҳое ҳастанд, ки дар моҳи Рамазон бадгӯиҳо мекунанд, суханони зишт мегӯянд. Паёмбар алайҳи салом мегӯяд, ки шахс агар бадгӯию бадрафториро канор нагузорад, Худованд ба гуруснагию ташнагии ӯ ниёз надорад. Яъне, он шахс ба ҷуз аз гуруснагиву ранҷу дард чизе ба даст намеорад ва рӯзааш қабул намегардад. Инсонҳо бояд кори неку савоб кунанд, ки раҳмату мағфират ва раҳоӣ аз оташи ҷаҳаннамро ба даст оранд. Паёмбари Ислом мегӯяд, ки ин дунё ҷои кишту кори охират аст. Инсон ин ҷо кишту кор мекунад, меваашро дар охират мебинад. Яъне, ҳамеша бо ҷомеа будан даркор, ҳамеша тарғиби дӯстиву рафоқат ва бародарию муҳаббат намояд. Ё худ ҳастанд нафароне, ки дар ин моҳи шариф гурӯҳбозию тафриқаандозӣ ва иғвогарӣ мекунанд, яъне ин ғаразҳое ҳаст, ки натанҳо инсонҳо, балки ҷомеаро ноком месозад. Месазад, ки дар ин моҳи муборак аз корҳои зишт даст кашида, ба корҳои нек, хайрхоҳӣ ва накӯкорию хирадмандӣ иқдом намоем.Дар моҳи мубораки Рамазон аз сӯи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ кадом корҳо ба анҷом расонида мешавад? Хусусан дар мавриди тарғиби хайру инсоф, кӯмак ба ниёзмандон?Дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки дар аввали моҳи Рамазон дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе баргузор шуд, 48 нафар имомхатибону хатибони масҷидҳои ҷомеъ ширкат намуданд. Дар ин ҷаласа хоҳиш карда шуд, ки дар моҳи муборак имомхатибон дар бозорҳо ва дигар марказҳои савдо бо соҳибкорону тоҷирон сӯҳбату мулоқот ороста, соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намоянд. Чунин як сӯҳбати самимию судманд бо аҳли маъмурият ва соҳибкорони бозори Шоҳмансури пойтахт баргузор гардид, ки дар он шахсан худам ширкат намуда, атрофи накӯкорию фикри мардуми камбизоатро кардан сӯҳбат доштам. Дар ҳадиси қудсие омадааст, ки фардо рӯзи қиёмат Худованд бандаи сарватманди худро хитоб мекунад, ки ман бемор Будам, чаро ба аёдатам наомадӣ? Ман аз ту пурсон шудам, ки чизе ба ман бидеҳ, чаро ҳимматбаландӣ накардӣ? Ман ятим Будам, чаро сари маро сила накардӣ? Бандаи дар даҳшат афтода мегӯяд, ки парвардигоро ту бемору гуруснаву нодор будӣ? Парвардигор мегӯяд, ки дӯстону ҳамсоягон ва наздикони ту бемору нодор ва гурусна буданд. Дар дунё чунин корҳо буданд, ту ин корҳоро анҷом надодӣ. Пас ту аз раҳмату шафқат ва баракати ман маҳрум ҳастӣ. Алҳамдуллилоҳ, дар ин масъала мардуми мусулмони мо дорои хислатҳои наҷиби инсонианд, ки чунин фазилатҳо дар дигар қавму миллат кам мушоҳида мегардад ва дар ин моҳи муборак ба накӯкорию саховатмандӣ ва гирифтани дасти барҷомондае ҳиммат мекунанд, сари ятиму бепарастореро сила намуда, аз раҳмати илоҳӣ бархурдор хоҳанд гашт. Зеро вақте ки инсон закоти молашро медиҳад, Худованд мегӯяд: «ман кафили моли ту ҳастам». Ё худ агар раваду инсон иштибоҳ намояд ва он иштибоҳи худро ислоҳ созад, Худованд ӯро мебахшад, чунки Худованд бахшандаю меҳрубон аст. Шахсе ки камбудию иштибоҳи худро ислоҳ менамояд ва ҳамчун инсони комил ва боимону ботақво дар байни раъият қарор мегирад, ӯ ҳатман дар ҳаёт некбахт мегардад ва аз раҳмати илоҳӣ бархӯрдор мешавад. Инчунин, Маркази исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба 50 оилаи камбизоат дар моҳи шариф кӯмак расонад. Дар соли равон закот ва фитри рӯза барои ҳар фарди мусулмон чанд сомонӣ муқаррар гардидааст? Фитри рӯза барои ҳар як нафари оила 4 сомонӣ аст ва он бояд ба бечораю камбизоат дода шавад. Агар шахс 14 ҳазору 500 сомонӣ маблағ дошта бошад, мувофиқи меъёри шаръӣ сарватманд маҳсуб меёбад. Закоти рӯза 352 сомонӣ аз ашхоси сарватманд мебошад. Ҳамчун муфтӣ ба мусулмонони кишвар дар ин моҳи муборак чӣ таманно доред? Қабл аз ҳама оромию осудагӣ ва сарсабзию шукуфоии кишвари маҳбубро дар ин моҳи муқаддас аз даргоҳи илоҳӣ талаб карда, ба мардуми мусулмон имони комил, тавфиқ ва тандурустию саодати рӯзгорро таманно дорам. Сӯҳбаторо Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»

Август 19, 2011 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад