Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд

Август 5, 2011 13:20

Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз, 5 август боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд нахуст бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тўҳфаи арзанда дар арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номида шуд.Тавре зикр гардид, бинои мазкур барои 3000 нафар толибилмон пешбинӣ шуда, дар он факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, бизнесу идораи иноватсионӣ ва молия ва қарз ҷойгир шудаанд.Бинои мазкур бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 2 толор, 98 синфхона, аз ҷумла 7 синфхонаи компютерӣ, лингофонӣ, синфхонаҳои махсус ва лабораторияҳои фаннӣ мебошад.Дар назди донишгоҳ Шўрои ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ ва марказу маҳфилҳои гуногуни илмию таълимӣ фаъолият мекунанд.Зимни суханронӣ дар назди омўзгорону донишҷўён ва меҳмонони сершумори донишгоҳ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати баланди корҳои сохтмону таҷҳиз ва муҳайёсозии шароити таълимӣ дар ин боргоҳи илму маърифат изҳори хушнудӣ намуда, ҳамзамон дастур дод, ки дар зарфи се соли ояндаи биноҳои иловагии таълимӣ, толори калони маҷлисӣ, толори варзишӣ, майдони варзишӣ, ошхона ва иншооти дигари асосию ёрирасон бунёд карда шаванд. Дар маркази шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кохи боҳашамати 13 ошёнаи матбуотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар он минбаъд идораҳои рўзномаю маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори умум ҷойгир хоҳанд шуд. Ин бинои зебою замонавӣ, ки бо харҷи зиёда аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 200 утоқи муҷаҳҳази корӣ, 3 толори маҷлисӣ бо 25, 75 ва 200 ҷойи нишаст, 100 компютери бо интернети баландсуръат пайвастшуда ва дигар шароити зарурии муосир мебошад, ба шаҳри Хуҷанд ҳусну намои тоза зам намудааст.Бинои нави Кохи матбуот барои 380 нафар кормандони воситаҳои ахбори умум пешбинӣ шудааст.Кохи бошукўҳи матбуот, ҳамчунин як типографияи хурд дорад. Роҳбарияти муассиса нақша доранд,и буда, чихозонидани типографияи нав низ дар назар аст ки дар ин бино, ҳамчунин як типографияи калони замонавӣ таъсис диҳанд.Бинои нав, ҳамчунин дорои ошхона ва дигар утоқу толорҳои ёрирасон мебошад.Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба асосиатсияи илмию истеҳсолии корхонаи муштараки Тоҷикистон – Юнони воқеъ дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ҳолати парвариши пахтаи тухмӣ аз наздик шинос шуд.Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои пахтаи таҷрибавии тухмии навъи Неъмат, ки дар майдони 518 гектар кишт шудааст, шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, асосиатсияи илмию истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиев 7 хоҷагии деҳқониро бо ҳам муттаҳид намуда, дорои 1218 гектар замини корами обӣ мебошад. Имсол деҳқонон барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, номгуи васеъи зироатҳои кишоварзиро кишт намудаанд.Президенти мамлакат аснои боздид аз майдони кишти зироати кишоварзӣ таъкид дошт, ки ҳар чи бештар аз шароити мавҷуда истифода намуда, сатҳи зиндагии саҳмдоронро баланд бардоранд ва дар таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи арзанда гузоранд. Дар асосиатсяи мазкур истифодаи ҳар як порча замин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, зеро аҳли заҳмат имсол дар майдони 115 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд.Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроққум омада, Маркази истироҳатии кўдаконаи Манижаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Чунонки маълум гашт, ин марказ аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.Дар ин марказ зиёда аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд ва музди меҳнаташон аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.Ба ифтихори 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ин марказ дар ин ҷо хатнасури як гурўҳи калони писарчаҳои бесаробон ва аз оилаҳои камбизоат барпо карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо, велосипед, телевизор, қолин, сарулибоси кўдакона ва дигар тўҳфаҳо тақдим намуд.Бинои маркази истироҳатии кўдакон, ғайр аз майдончаи бачагона, атраксионҳои замонавӣ, гўшаи табиати зинда, қаҳвахона ва ошхона, ҳамчунин дорои синфхонаҳои муҷаҳҳаз барои дарсҳои иловагӣ, аз ҷумла забономўзӣ ва омўзиши компютер ва асосҳои технологияҳои иттилоотӣ мебошад.Дар сехи дўзандагии марказ ҳоло 30 нафар занону духтарон бок ор таъмин гардидаанд. Роҳбарияти марказ ният доранд, ки шумораи дўзандагонро ба 50 нафар расонанд. Марказ метавонад дар як баст то 300 нафар кўдаконро қабул намуда, бо истироҳату фароғат ва дилхушӣ фаро бигирад. Ифтитоҳи ин маркази зебою дилкаш боиси хушнудию сипоси кўдакону волидони онҳо ва сокинону меҳмонони шаҳри қайроққум гардид.Тавре зикр гардид, ин танҳо яке аз иншооти ҷашнии ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёдёфта мебошад. Ба иттилои роҳбарияти шаҳр, умуман дар қайроққум дар арафаи ин ҷашни пурифтихори Тоҷикистони азизу маҳбуб, 53 иншшоти наву замонавӣ, аз ҷумла 4 корхонаи саноатӣ, як варзишгоҳи калон, 5 толори варзишӣ, 1 гимназия 3 боғчаи кўдакона, 8 майдончаи варзишии кўдакона, 3 чоҳи амудии обкашӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 2 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 5, 2011 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ