Сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон ба 100 миллион доллар расидааст

Август 19, 2011 16:49

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави Ҷумҳурии Қазоқистон Агибай Смагулов эътимоднома қабул намуд.Пас аз мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Агибай Смагулов андешаҳояшро ба хабарнигорон ба тариқи зайл баён намуд:«Ман хеле хушбахтам, ки имрӯз эътимодномаи сафирии худро ба ҷаноби президент Эмомалӣ Раҳмон супоридам ва ҳамчун сафири Қазоқистон дар кишвари шумо ба фаъолият шурӯъ намудам».Масъулияти ман хеле зиёд аст, чунки ман муносибатҳои байни ду кишварро бояд амалӣ намоям. Тавре шумо медонед, ҳамкориҳои дуҷонибаи мо дар сатҳи Шӯрои байнидавлатии ҳарду кишвар, ки роҳбарии онро президентҳои ду кишвар ба ӯҳда доранд, амалӣ мегарданд. Дар ин замина бо супориши президенти Қазоқистон соли гузашта фонди инвеститсионии Тоҷикистону Қазоқистон таъсис дода шуд,- идома дод ӯ. Агибай Смагулов зикр намуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 40 ширкати муштараки ду кишвар фаъолият доранд. Ва сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон ба 100 миллион доллар расидааст. Ин ,албатта, ҳадди ниҳоӣ нест ва вазифаи ман аз он иборат аст, ки ҳамкориҳоро боз ҳам мустаҳкам ва доманадор намоям. Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ қайд намуданд, ки ҳамкориҳоро дар оянда боз ҳам рушд диҳем. Ҳаминро мехоҳам зикр намоям, ки мо якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди муносибатҳои мутақобилан судманд амал хоҳем кард. Соли гузашта сармояи Қазоқистон ба Тоҷикистон 300 млн. доллар буд ва имсол ин шумора 60 фоиз зиёд шудааст. Умедворем, ки мубодилаи маҳсулот миёни ду кишвар имсол боз ҳам зиёд шуда ба 400 миллион доллар мерасад.

Август 19, 2011 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад