Таваҷҷӯҳи Ҷопон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо директори генералии «ҶЕТРО» дар Тошканд Тору Суэхиро мулоқот намуд.Дар рафти мулоқот муҳокимаи масъалаҳои иштироки ширкатҳои Тоҷикистонро дар намоишгоҳи «FOODEX 2012» (дар Ҷопон), ки аз ҷониби «ҶЕТРО» ташкил мешавад, инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич ва судманди байни давлатҳо ва дарёфти роҳҳои эҳтимолии ҳамкориҳои сармоягузорӣ, хусусан дар доираи анҷумани гуфтушуниди ҳамасолаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон дар соли 2012, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҳамзамон, аз ҷониби Д. Саидов ба ҷониби ҷопонӣ оид ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории мамлакат, вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҷараёни татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ маълумоти мухтасар пешниҳод шуд.Маврид ба ёдоварист, ки намояндагии «ҶЕТРО» — муассисаи давлатии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷопон буда, фаъолияти он ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ҷопон ва давлатҳои хориҷӣ равона гардидааст ва намояндагии «ҶЕТРО» дар Тошканд мақоми минтақавӣ дошта, доираи ӯҳдадории он фарогири тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






