Қарзҳои андози ноҳияҳои Ёвон ва Ҷомӣ ё маблағи фоизҳои андоз метавонад корхонаро муфлис созад

Сентябрь 27, 2011 16:06

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бақияи қарзи андозҳо ҳамоно дар шаҳру навоҳии мамлакат нигаронкунанда боқӣ мемонад, хусусан ин раванд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бештар ба назар мерасад. Дар ин робита гурӯҳи кории Кумитаи андоз бо мақсади муайян кардани вазъи бақияи қарзи андозҳо, сабабҳои пайдоишу афзоиш ва ёрии амалӣ расонидан барои кам кардани бақияи қарзи андозҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои таҳлиливу омӯзишӣ гузарониданд. Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ дар баъзе аз ноҳияҳои вилоят нишон дод, ки аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии роҳбарони баъзе корхонаву хоҷагиҳо нисбат ба ӯҳдадориҳои худ бақияи қарзи корхонаҳояшон меафзояд. Тибқи маълумоти Раёсати андоз дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андозҳои вилоят то санаи 01.09.2011 сол 157,6 млн. сомониро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда то аввали соли ҷорӣ ба 124,8 млн. сомонӣ баробар буд, яъне тамоюли зиёдшавӣ дар ин давра 32,7 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят дар 12 нозироти андоз бақияпулиҳо зиёд шуда, дар 13 нозироти андози ноҳия маблағи бақияпулиҳо кам карда шудааст. Гурӯҳи кории Кумитаи андоз рафти корҳои таҳлиливу назоратиро нахуст аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз намуд. Натиҷаи таҳлилҳо собит намуданд, ки вазъи бақияи қарзи андозҳо дар ноҳия хеле ташвишовар аст. Аз маблағи умумии қарзи андозҳои ноҳия, ки 4 млн. 186 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 80 фоизи он ба корхонаҳои давлатӣ, аз қабили Идораи давлатии Хоҷагии об, ҶСК «Тоҷикхимпром» Корхонаи давлатии фаръии обу ташноб ва гармидиҳӣ тааллуқ дошта, боқимонда ба дигар корхонаву ҷамъиятҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ алоқаманд аст. Махсусан дар Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ёвон, ки самти асосии фаъолияташ таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо об мебошад, таҳлилҳо муайян намуданд, ки корхона дар назди буҷет 700 ҳазор сомонӣ қарздор асту роҳбараш Ҳалимхон Мирзоев барои кам кардани бақияи қарзи андоз заррае масъулият ҳис намекунад. Аз ҷониби нозироти андози ноҳия ба корхона борҳо огоҳнома дода шудааст, вале бенатиҷа. Дар корхонаи давлатии фаръии обу ташноб ва гармидиҳии ноҳияи Ёвон вазъият аз ин ҳам бадтар аст. Корхона, ки самти фаъолияташ асосан таъмини аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ бо оби нӯшокӣ мебошад, 710 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз дорад. Албатта ин зиёдшавии қарз аз хунукназарона муносибат намудани кормандони мутасаддии корхона нисбат ба фаъолияти ҳаррӯзаи худ гувоҳӣ медиҳад. Заводи сохташавандаи “Криолит”, воқеъ дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон, роҳбараш Абдуманнон Ҳафизов, ки тибқи маълумот баъди ба истифода супоридан корхона ба истеҳсоли маводи хоми арзиз машғул ҳоҳад шуд, айни ҳол бо ҷалби беш аз 160 нафар шаҳрвандони Хитоӣ тӯли 6 моҳ аст сохтмонаш идома дорад. Аммо, мутаассифона, то имрӯз аз ҳисоби андози даромад ва андози иҷтимоии музди меҳнати коргарон ба буҷет ягон маблағи муайян ворид нагардидааст. Ҳатто пас аз огоҳии чандинкаратаи нозироти андоз низ роҳбарияти корхона чораҳои зарурӣ наандешиданд. Айни ҳол аз нозироти андози ноҳияи Ёвон нисбат ба корхона ба маблағи 463 ҳазор сомонӣ санади камералӣ тартиб дода шудааст. Ҳангоми таҳлилҳои гурӯҳи корӣ дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ низ чунин ҳолатҳо муайян ва чораҳои дахлдор андешида шуд. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки идораи давлатии Хоҷагии оби ноҳия аз буҷет 1 млн. 520 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад, яъне беш аз 40 фоизи бақияпулиҳои қарзи андози ноҳия ба идораи зикршуда вобаста аст. Сабаби асосии қарздор шудани корхонаро масъулин аз Ассотсиатсияҳои обхизматрасон мебинанд. Ба гуфти иҷрокунандаи вазифаи роҳбари идора Назаров Абдувалӣ истифодабарандагони об аз корхона 7млн. 560 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки аз ин шумора 2 млн. 600 ҳазорашро оби истифодашудаи соли ҷорӣ ташкил медиҳад. Корхона дорои 96 коргар мебошаду қарзи андозаш низ рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари корхонаву хоҷагиҳое, ки дар назди буҷет қарзҳои калони андоз доранд, чӣ дар ноҳияи Ёвон ва чӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, нисбат ба ӯҳдадориҳои андозии худ бепарвоӣ зоҳир менамоянд, аммо тарафи дигарро бояд ҳар як масъулини корхонаву хоҷагӣ фаромӯш насозанд, ки маблағи фоизҳои андоз метавонад корхонаро ба муфлисшавӣ оварда расонад.

Сентябрь 27, 2011 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Интернет барои хона» Steam-ро вусъат мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд