Ҳ. Зарифӣ роҳбари нави ЮНИСЕФ-ро ба ҳузур пазируфт

Сентябрь 15, 2011 09:58

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 14 сентябр дар шаҳри Душанбе Лейли Мошири-Гелонниро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ Лейли Мошири-Гелонниро бо оғози фаъолияташ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш бурдбориҳо орзӯ намуд. Дар навбати худ Лейли Мошири-Гелонни дар мавриди лоиҳаҳо ва вазифаҳои амалигашта ва дар нақшабуда, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНИСЕФ татбиқ мешаванд, маълумот дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.

Сентябрь 15, 2011 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд