Ҷавонон ба шукуфоии кишвар талош мекунанд

Сентябрь 23, 2011 17:59

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад). — Дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» баргузор гардид. Дар ин ҷаласа масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ муҳокима ва баррасӣ шуданд. Қайд карда шуд, ки кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовезҳои муносиб пешвоз гирифтанд. Кормандони ҳамаи хадамот ва шӯъбаҳои ФБД ва ҳайати парвозию техникии «Сомон Эйр» нақшаҳои кориро барзиёд иҷро намуданд. Манучеҳр Сафаров, яке аз аъзои ҲХДТ дар бораи сиёсати пешгирифтаи ҳизб нисбат ба ҷавонон маърӯза карда, иброз дошт, ки Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ, ки ҳайати онро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, дар давраи ҳисоботӣ  сатҳи баланди касбият нишон доданд. «Ҷавонон бо дарки масъулияти ватандорӣ сиёсати пешгирифтаи ҳизбро дар амал татбиқ намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан ва густариши иқтисоди кишвар талош меварзанд», — гуфт зимни маърӯза котиби ибтидоии ҲХДТ дар ФБД Мӯҳтарама Муродова.Дар хотима собиқадорон ва фаъолони ҳизб бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Сентябрь 23, 2011 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид