Ҷиноят сарҳад ва ҷинояткор хешутаборӣ надорад
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муфатиши прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алишер Салимзода, ҳанӯз 25 – уми марти соли 2011 Умед Талбаков, ки муваққатан дар бинои 110, ҳуҷраи 37 –и кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе иҷоранишин буд, ба хонаи писарамакаш Ҷамшед Назаров, ки дар бинои 104 ҳуҷраи 59 –и кӯчаи номбурда истиқомат мекард ба меҳмонӣ рафта, баъди хӯрдани хӯроки шом миёнашон муноқиша ба амал омад, ки дар натиҷа Умед Талбаков ба шикам, гардан ва қафаси синаи писарамакаш, Ҷамшед Назаров, ки соҳибкор буд, бо корди ошхонагӣ 16 зарба мезанад. Дар натиҷа Ҷамшед Назаров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Рӯзи 26 – уми март Умед Талбаков чун гумонбар дастгир гардида, нисбат ба ӯ бо моддаи 249 — и КҶ ҶТ (роҳзанӣ) ва моддаи 104 – и КҶ ҶТ (куштор) бандҳои «е», «ж» «л» парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Баъди таҳқиқи ҳаматарафа, парванда бо гуноҳи роҳзанӣ ва куштор ба суди шаҳри Душанбе ирсол гардид. Суд баъди додани баҳои ҳуқуқӣ ба парванда, ҷинояткор Умед Талбаковро ба мӯҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум ва равонаи маҳбас намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






