Баистифодадиҳии навбати аввали НБО «Сангтӯда-2»
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ҶИЭ Маҳмуд Аҳмадинажод дар маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби ширкати эронии «Сангоб» дар ҷануби Тоҷикистон сохта шудааст, иштирок намуданд. Агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар фазои тантанавӣ бо иштироки сарони ду давлати бо ҳам дӯст мавриди истифода қарор гирифт.Сарони давлатҳо дар назди коргарон ва мутахассисони нерӯгоҳ суханронӣ намуда, ҳамчунин дар бораи нақшаю ниятҳои оянда сухан гуфтанд Ин рӯйдоди муҳимро Сарони кишварҳо тӯҳфаи арзанда ба ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ номиданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






