Баррасии масоили ҳаёти ҷавонони ИДМ дар Душанбе

Сентябрь 30, 2011 15:37

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Рӯзҳои 1-2 октябри соли 2011 дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ  доир мегардад. Ҷаласаи мазкурро раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ менамояд. Дар рафти кори ҷаласа масоили мубрами ҳаёти ҷавонони кишварҳои аъзои Шӯро, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Молдова ва Украина мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар назар аст, ки дар доираи ҷаласаи Шӯро мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ баргузор шавад. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи пешини Шӯрои мазкур дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардида буд ва дар рафти кори он барои фаъолияти пурсамар дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ Маликшо Неъматов бо медали тиллои фахрии Вазорати ҷавонони Арманистон қадрдонӣ гардида буд.

Сентябрь 30, 2011 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад