Баррасии масоили ҳаёти ҷавонони ИДМ дар Душанбе
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Рӯзҳои 1-2 октябри соли 2011 дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ доир мегардад. Ҷаласаи мазкурро раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ менамояд. Дар рафти кори ҷаласа масоили мубрами ҳаёти ҷавонони кишварҳои аъзои Шӯро, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Молдова ва Украина мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар назар аст, ки дар доираи ҷаласаи Шӯро мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ баргузор шавад. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи пешини Шӯрои мазкур дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардида буд ва дар рафти кори он барои фаъолияти пурсамар дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ Маликшо Неъматов бо медали тиллои фахрии Вазорати ҷавонони Арманистон қадрдонӣ гардида буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






