«Бонувони Фархор»

Сентябрь 22, 2011 11:43

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Шарқи озод» чаҳорумин китоби узви Иттифоқи нависандагони кишвар Гулчеҳра Муҳаммадиеваро таҳти унвони «Бонувони Фархор» пешкаши хонандагон гардонид.Маҷмӯаи тозаэҷоди Гулчеҳра Муҳаммадиева «Бонувони Фархор» китобест перомуни кору рӯзгори бонувони сазовори ин ноҳия, ки тавонистаанд рисолати инсонии хешро дар сатҳи шоиста анҷом диҳанд. Муаллиф ба фаъолияти бонувоне, ки ба ҳайси вакили мардумӣ дар замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолии кишвар ин рисолати муҳимро бар дӯш доштанду доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, симои онҳоро дар риштаи сиёсат бознамоӣ кардааст.Матолиби ин китоб, бахусус барои духтароне, ки мехоҳанд дар умури сиёсӣ фаъолият дошта бошанд, мароқангез аст.Теъдоди нашри китоб 1000 нусха буда, муаллиф асарашро ба ҷашни пуршукӯҳи  миллати тоҷик- 20-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ бахшидааст.

Сентябрь 22, 2011 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад