Бунёди чойханаи миллӣ ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-ум
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар маҷмааи Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров сохтмони чойхонаи миллӣ ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ оғоз гардид. Чойхонаи боҳашамати миллӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, шоҳсутун ва болорҳои онро устоҳои номдор аз шаҳру навоҳии Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Fафуров, Конибодом ва Истаравшан кандакориву нақшбандии миллӣ мекунанд.
Инчунин, ин чойхона аз толорҳои асосӣ, толор барои қабули меҳмонон, толори гуфтушунид, ҳуҷраи фарҳангӣ, пешайвонҳои баҳорона, ошхона иборат буда, онҳо бо тариқи санъати меъмориву қадимаи миллӣ оро дода мешаванд.
Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба масъулин супориш дод, ки чойхонаро дар мӯҳлати муқарраргардида — то 1 -уми октябри соли 2012 дар арафаи 20-солагии Иҷлосияи 16-уми таърихӣ бо сифати баланд ба истифода диҳанд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






