Чӣ қадар трансформаторҳо таъмиру барқарор карда шуд?

Сентябрь 23, 2011 12:42

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Корҳои сохтмону васлкунӣ дар иншооти хати интиқоли барқи 110 кВт “Конибодом – Ашт” бо масофаи 41 км,  хати интиқоли барқи 220 кВт  “Суғд – Хуҷанд” бо  дарозии  16 км  ва зеристгоҳи “Навбаҳор” 110/10 кВт бо трансформатори иқтидораш  16 ҳазор кВт ампер дар шаҳри Душанбе  идома дорад.Сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии “Суғд – 500” бо васли трансформатори 501 мегаВолт/ ампер анҷом ёфта, хати интиқоли барқии 220 кВт “Хуҷанд-Айнӣ” ва зеристгоҳи барқии “Айнӣ – 220” зери шиддат қарор дошта ва дар мӯҳлатҳои наздик ба истифода дода мешавад. Иншооти номбурда имконият медиҳанд, ки бехатарӣ ва эътимоднокии энергетикии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  пурра таъмин гардад. Ба ғайр аз ин, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ  хатҳои интиқоли барқи 500 кВт ба масофаи 20 км,  220 кВт ба масофаи 15 км, 110 кВт ба масофаи 100 км, 0,4-35 кВт ба масофаи 3,2 ҳазор км, хати кабелии 0,4 – 10  кВт ба масофаи 53 км сохта ва 545 адад трансформаторҳо таъмиру  барқарор карда шудаанд. Тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҶСК «Трансформатор» — и шаҳри Қурғонтеппа 63 адад трансформаторҳои иқтидорашон гуногун истеҳсол карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010  1,5 маротиба зиёд аст. Имрӯз дар амбори корхона илова ба трансформаторҳои таъмиршуда 113 адад, аз ҷумла 28 адад трансформатори баландшиддат  мавҷуд аст.

Сентябрь 23, 2011 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад