Дипломатияи фарҳангии тоҷик дар амал

Сентябрь 21, 2011 17:11

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 19 сентябри соли 2011 дар шаҳри Брюсел Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо Сафорати Афғонистон дар ин кишвар шаби эҷодии фарҳанги тоҷикро ташкил намуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони доираҳои фарҳанг ва санъати Белгия, Нидерланд, Фаронса ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо ва сарпарастони аврупоӣ ширкат варзиданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Солиев ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳумоён Тандар сухан гуфта, дар бораи фарҳанги кӯҳану бостонӣ ва муосири тоҷик суханронӣ намуданд. Сафирон таърихи фарҳангу санъати бойи тоҷик, саҳми тоҷиконро дар ташаккулёбии тамаддуни ҷаҳонӣ, дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият шарҳ доданд. Дар ҷамъомад муаррифии китоби «Санъати амалӣ ва ороишии тоҷикон: дар масири қарнҳо» сурат гирифт. Дар шабнишинӣ яке аз гурӯҳҳои машҳури эстрадаи тоҷик: «Авесто» иштирокчиёнро бо сурудҳои худ шод намуданд. Инчунин дар ин шабнишинӣ намоши либосҳои миллии муосири тоҷик низ сурат гирифт. Олимон, фарҳангшиносон, санъатшиносони маъруфи Аврупо, сарпарастони аврупоӣ, намояндагони Парлумони Аврупо ба фарҳанг ва санъати тоҷик баҳои баланд доданд. Таъкид намуданд, ки дар воқеъ тоҷикон дорои фарҳангу санъати бой буда, яке аз гаҳвораи тамаддуни инсоният ба ҳисоб меравад. Онҳо изҳор карданд, ки омодаанд барои пешбурди фарҳанг ва санъати тоҷик дар арсаи Аврупо саҳм гузоранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.

Сентябрь 21, 2011 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ