Довталабон барои таҳсил ба Ветнам мераванд
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Корхонаи воҳиди давлатии заводҳои ортопедию протезии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди махсус барои маъюбони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои таҳсил дар Маркази таълими технологияи ортопедии шаҳри Ханойи Ветнам довталабонро интихоб намуд.Барои ба кишвари Ветнам фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон барои омўзиши касб дар риштаи ортопедӣ ва тайёр намудани мутахассисон барои завод ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб ва Хоруғ озмун эълон шуда буд, ки тариқи он 3 нафар ҷавонони тоҷик интихоб гардида, ба таҳсили сесола дар кишвари Ветнам фаро гирифта мешаванд. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба азнавсозии завод, таъмини он бо таҷҳизоти нави замонавӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулот мақсадҳои ҷиддӣ пеш гузошта, барои тайёр намудани кадрҳои болаёқати ҷавону соҳибихтисос азм дорад. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҷиҳати аз бар намудани технологияи нав омода аст, ки ба мутахассисони завод кўмаки хешро расонад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






