Э.Раҳмон: Ҳамкорӣ бо Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми махсус дорад

Сентябрь 2, 2011 16:24

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Барномаи боздиди расмии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон нимаи дуюми рўз дар Қасри Миллат бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведевро дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом бо саф кашидани ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасии мусиқӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузашти сарони давлатҳо аз назди қатори низомиён, арзи эҳтироми сарони давлатҳо ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони давлатҳо ҷараён гирифт.Масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат, сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ шуд.«Имрўз робитаҳои Тоҷикистону Русия, ки ба принсипҳои шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, тамоми соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, савдо, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, гуманитарӣ ва ғайраро фаро мегиранд», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин таъкид гардид, ки «ҳамкорӣ бо Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми махсус дорад ва кишвари мо ба рушди минбаъдаи ҳамгироӣ бо он таваҷҷуҳи афзалиятнок дорад».Дмитрий Медведев дар навбати худ мулоқотҳои пайвастаи сатҳи олии сиёсии ду кишварро омили рушди муносиботи дуҷониба номида, аз 12% дар соли 2010 афзудани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот изҳори қаноатмандӣ намуд. Бо қаноатмандӣ, ҳамчунин таъкид гардид, ки ин тамоюли наку имсол низ идома дорад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ќи ҳоло беш аз 160 корхонаи муштарак бо иштироки шарикон аз Русия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, геология, сохтмон, саноати коркарди чўб, дорусозӣ, ресандагӣ ва ғайра фаъолияти босамар доранд. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои мустаќим аз Русия ба Тоҷикистон ба 110 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, ҳамчунин бо минтақаҳои гуногуни Русия беш аз 75 созишномаи муҳими ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии минбаъдаи миёни сохторҳои низомӣ, марзбонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.Доир ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонии ду кишвар низ сўҳбати пурмўҳтаво сурат гирифт. Баъди анҷоми мулоқоту музокирот бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат чанл санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Протоколҳо оид ба ҳамкории сарҳадӣ миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия;Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия барои солҳои 2011-2014;Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории сарҳадӣ ва Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия имзо гузоштанд.Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро дорои дурнамои пурмуҳтаво арзёбӣ намуданд.Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки то охири соли равон бояд пешниҳодҳо барои бардоштани боҷи содиротии маводи нафтии Русия барои Тоҷикистон ва дар семоҳаи аввали соли 2012 созишномаи байнидавлатӣ барои ба муҳлати 49 соли оянда тамдид кардани муҳлати будубоши Пойгоҳи ҳарбии 201- уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон омода карда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 2, 2011 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст