Э. Раҳмон: 4 миллион муштарӣ аз алоқаи телефонии симиву мобилӣ истифода мебарад

Сентябрь 12, 2011 17:24

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти кишвар ҳангоми суханронии худ дар ҷашни Истиқлолият гуфт, ки «музди миёнаи як коргар дар мамлакат соли ҷорӣ нисбат ба соли 1997-ум 89 баробар зиёд гардида, ҳоло беш аз 440 сомониро ташкил медиҳад ва андозаи миёнаи нафақа 118 баробар афзудааст». Дар даҳ соли охир афзоиши ҳамасолаи пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои мамлакат ба ҳисоби миёна беш аз 35 фоизро ташкил дода истодааст.Аз соли 2000-ум то инҷониб ба мамлакат беш аз 360 ҳазор нақлиёти сабукрав ворид шуд, ки ин худ гувоҳи сол ба сол зиёд шудани даромади мардум мебошад. Ҳамчунин Президенти кишвар таъкид намуд, ки «дар соли 1997 дар мамлакат ҳамагӣ 300 ҳазор муштарӣ танҳо аз алоқаи симии телефонӣ истифода мекарданд. Ҳоло беш аз 4 миллион муштарӣ аз алоқаи телефонии симиву мобилӣ истифода бурда истодаанд».Аз ҷониби дигар, дар замони истиқлолият беш аз 120 ҳазор гектар замин барои 900 ҳазор оила ҷудо гардида, беш аз 9,6 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта шуданд. Аз ҷумла, дар се соли охир бо ин мақсад қариб 25 ҳазор гектар барои зиёда аз 200 ҳазор аҳолӣ ҷудо карда шуда, тақсимоти он ҳоло низ идома дорад.

Сентябрь 12, 2011 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид